2023-02-13

Фаъолони экологӣ амали эътирозиро дар роҳи Лочин-Хонкандӣ идома медиҳанд

Рӯзи 60-ум аст, ки ихтиёриёни ҷавони озарбойҷонӣ ва экологҳо дар роҳи Лочин-Хонкандӣ аксияи этирозии талаби қатъии истисмори ғайриқонуниии конҳои маъдан дар қаламрави Озарбойҷон ва иҷозати гузаронидани мониторинг дар конҳои Қизилбулоғ ва Демирлиро идома медиҳанд. 

Мақсади эътироз ҳамоно бетағйир аст. Эътирозгарон талаб доранд, ки ба истифодаи ғайриқонунии конҳои канданиҳои фойданоки Озарбойҷон аз ҷониби арманиҳои ҷудоихоҳ фавран хотима бахшида шавад.

Фаъолон бо овезаҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ дар даст шиорпартоӣ мекунанд: “Тороҷи захираҳои моро бас кунед!”, «Табиатро муҳофизат мекунем, истисмори ғайриқонуниро маҳкум менамоем!», «Халқи Озарбойҷон сарвати худро ҳифз мекунад!», «Озарбойҷон дар хоби ғафлат нест, захираҳояшро ҳимоя мекунад!», «Экосидро бас кунед!».

Онҳо хостори иҷрои талаботи қонунии ҷониби Озарбойҷонро ҳастанд. Фаъолон бар онанд, ки талаби онҳо баёнгари норизоияти асосноки ҷомеаи Озарбойҷон аст ва бояд ба ин мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ эҳтиром гузошт. Эътирозгарон дар талаби худ устуворанд.

Ин қаламрав барои ҳадафҳои башардӯстона кушода аст ва барои ҳаракати озод монеае нест.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 3 ва 7 декабри соли 2022 дар натиҷаи музокирот бо фармондеҳии контингенти посдори сулҳи Русия мутахассисони вазоратҳои иқтисод, экология ва захираҳои табиӣ, Хадамоти давлатии амволи назди Вазорати иқтисод ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «AzerGold»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон бояд истихроҷи ғайриқонунии конҳои канданиҳои фоиданокро дар минтақаи истиқрори муваққатии нерӯҳои посдори сулҳи Русия ва оқибатҳои марбут ба муҳити зистро назорат кунанд. Аммо ин мониторинг сурат нагирифт. Бинобар ин, бо нишони эътироз, рӯзи 12 декабр фаъолони ҳифзи муҳити зисти Озарбойҷон дар роҳи Лочин-Хонкандӣ, ки аз қаламрави шаҳри Шуша мегузарад, гирдиҳамоии осоишта оғоз карданд.

Қобили зикр аст, ки ҳамарӯза ҳудуди 60 мошини нерӯҳои посдори сулҳи Русия ва созмонҳои байналмилалӣ аз роҳи Хонкандӣ-Лочин озодона мегузаранд.

Ин бори дигар нишон медиҳад, ки эътирозгарон ба ҳаракати мошинҳои башардӯстона моне намешаванд. Гузоришҳое, ки дар расонаҳои арманӣ мунташир шудаанд, ва оиди бастани роҳи Лочин-Хонкандӣ ва монеа шудани убури мошинҳои таъминотӣ аз тарафи эътирозгарон хабар медиҳанд, як маълумоти бардурӯғи ҷониби муқобил аст.

https://farazh.tj/habari-ruz/faoloni-jekology-amali-jetiroziro-dar-rohi-lochin-honkandy-idoma-medihand/

Искать в архиве