Изҳороти ВКХ-и Озарбойҷон дар робита ба 27-уми сентябр – «Рӯзи ёдбуд»
Як сол қабл, рӯзи 27-уми сентябр, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Озарбойҷон чораҳои ҷавобиро барои муқовимат ба иғвои навбатии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Арманистон андешиданд.
Ин чораҳо барои пешгирии таҷовузи навбатии низомии Арманистон, таъмини амнияти аҳолии осоишта дар доираи ҳуқуқи худмудофиа ва бо риояи пурраи меъёрҳои ҳуқуқиву байналмилалии башардӯстона равона шуда буданд, ва он ба ҷанги 44-рӯзаи Ватанӣ оғоз бахшид. Ҷанги Ватанӣ ба сиёсати таҷовузкоронаи Арманистон, ки тақрибан 30 сол давом дошт, хотима бахшид, Озарбойҷон тамомияти арзии худро таъмин кард, ҳуқуқҳои бунёдии қариб як миллион озарбойҷонӣ барқарор карда шуданд. Озарбойҷон иҷрои қарорҳои дахлдори Шӯрои Амнияти СММ-ро аз соли 1993 таъмин кард.
Анҷоми ғасби қаламрави Озарбойҷон амалҳои ғайриқонунии Арманистонро, ки тӯли даҳсолаҳо пеша карда буданд, пурра нишон дод. Ин амалҳо ба мисоли минагузории сартосарии қаламрави ишғолшуда, қасдан нобуд кардан ва аз худ кардани мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии Озарбойҷон, талаву тороҷи захираҳои табиӣ, тахриби инфрасохтор ва вайрон кардани дигар ҳуқуқҳои байналмилалӣ буданд. Бар замми ин далелҳои ҷиноятҳои сершумори низомии Арманистон низ ёфт шуданд.
Озарбойҷон ба Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ва Суди Байналмиллалии Созмони Миллали Муттаҳид барои ба ҷавобгарӣ кашидани Арманистон дар робита ба вайрон намудани қонунҳои байналмилалии башардӯстона ва ҳуқуқи инсон муроҷиат намудааст.
Дар ҳоли ҳозир, ҳукумати Озарбойҷон корҳои барқарорсозӣ ва таҷдидро дар қаламравҳои озодшуда анҷом дода истодааст ва барои таъмини бозгашти бехатар ва сазовори тақрибан як миллион озарбойҷонии кӯчондашуда, чораҳои заруриро меандешад. Инчунин дигар корҳоро низ барои реинтегратсияи заминҳо, таъмини сулҳу амният ва шукуфоии пойдор дар минтақа мутобиқи Изҳороти сегона аз 10-уми ноябри соли 2020 ба анҷом расонда истодааст.
Ҷанги Ватанӣ таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Озарбойҷон, президент Илҳом Алиев, ки бо пирӯзии артиши диловари Озарбойҷон ба анҷом расид, дар таърихи Ҷумҳурии Озарбойҷон давраи навро боз кард. Озарбойҷон, адолати байналмилалиро барқарор кард ва воқеияти минтақаро тағйир дод.
Озарбойҷон омода аст муносибатҳоро бо Арманистон дар асоси риояи қатъии принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои байналмилалӣ ба роҳ монад. Мо аз Арманистон даъват мекунем, ки ин принсипҳои бунёдиро барои таъмини сулҳ, амният ва шукуфоӣ дар минтақа эҳтиром кунад ва ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро намояд.
Дар ин рӯз, яъне рӯзи 27 сентябр, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи ёдбуд таҷлил карда мешавад, мо бо эҳтироми амиқ хотираи ҳамаи шаҳидонеро, ки барои истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Озарбойҷон ҷони худро нисор карданд, ёдоварӣ менамоем.
http://farazh.tj/habari-ruz/izhoroti-vkh-i-ozarbojjon-dar-robita-ba-27-umi-sentjabr-ruzi-jodbud/