2021-05-28

ҶДО – яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории халқи Озарбойҷон

Ташкилёбии Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон саду се сол қабл, яъне 28 майи соли 1918, ҳамчун як рӯйдоди бузурги таърихӣ ба ҳаёти халқи Озарбойҷон ворид шуд. Ҷумҳурие, ки дар тӯли 23 моҳ аз соли 1918 то соли 1920 арзи ҳастӣ намуда буд, аввалин давлати дунявии демократӣ дар Шарқи Мусалмонӣ гардид. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон фаъолияти худро дар вазъияти душвори ҷамъиятӣ-сиёсӣ анҷом дод, аммо қадамҳое нахустине, ки ҳукумати ҶДО дар соҳаи сохтмони давлати демократӣ гузошт, иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва соҳаи низомиро  вусъат дод, дар таърихи халқи Озарбойҷон осори калоне гузошт.

Дар як муддати кӯтоҳ Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ ва Нишон қабул карда шуд, забони Озарбойҷон забони давлатӣ эълон шуд. Дар соҳаи бунёди давлати демократӣ дар Озарбойҷон, ташкили артиши дорои қобилияти баланди ҷангӣ, тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуданд, ба рушди иқтисод ва фарҳанг, маориф ва тандурустӣ диққати махсус дода шуд. Бори аввал дар масири Шарқ ва чанде пеш аз баъзе кишварҳои аврупоӣ дар Озарбойҷон ба занон ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.

Бо вуҷуди он, ки ҳукумат ва парлумони ҷумҳурӣ дар шароити хеле вазнин фаъолият мекарданд, кӯшиш ба харҷ доданд, ки эҳёи давлату миллат ва халқи Озарбойҷон ҷовидон бошад, рушди илм, маориф, маърифати халқ ва тандурустӣ низ дар маркази диққат буд. Ҳамин тариқ, дар саросари кишвар мактабҳо, гимназияҳо, мактабҳои духтарона, боғчаҳо, курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси муаллимон, китобхонаҳо кушода шуданд, дар деҳот шабакаи беморхонаҳо ва марказҳои фелдшерӣ ба вуҷуд омаданд, бар зидди бемориҳои сироятӣ мубориза бурда мешуд.

Дар ин робита, бояд қонуни аз ҷониби парлумон дар бораи таъсиси Донишгоҳи давлатии Боку дар таърихи 1 сентябри соли 1919 қабулшударо махсус қайд кард. Ифтитоҳи донишгоҳи миллӣ муҳимтарин хидмати таърихии роҳбарони ҷумҳурӣ ба мардуми онҳо буд.

Ҳукумат ва парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон барои пешгирии хатари дахолати хориҷӣ корҳои зиёдеро ба харҷ доданд, то аз ҷониби дигар давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои абарқудрати ҷаҳон эътирофи байналмилалии ҷумҳурии ҷавонро ба даст оранд.

Дар ин робита, парлумони ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки 28 декабри соли 1918 ба Конфронси сулҳи Париж ҳайати махсусро таҳти роҳбарии раиси парлумон А. М. Топчибашев фиристад. Дар моҳи январи соли 1920 дар Боку эътирофи ҶДО аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ботантана қайд карда шуд.

Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Демократӣ анъанаҳои парлумонӣ дар Озарбойҷон тадриҷан мустаҳкам ва рушд карданд ва фарҳанги муосиртарини парлумонӣ ташаккул ёфт. Дар тӯли мавҷудияти Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон дар умум 155 иҷлосияи парлумонӣ баргузор шуда буд, ки даҳтои он дар давраи фаъолияти Шӯрои Миллии Озарбойҷон (27 май — 19 ноябри соли 1918) ва 145 – дар давоаи фаъолияти парлумони Озарбойҷон (7 декабри соли 1918 — 27 апрели соли 1920) баргузор шуданд.

Дар натиҷаи дахолати низомӣ ва амалиёти хунини қисмҳои XI Артиши Сурх, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро поймол карданд, Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон истиқлолияти худро аз даст дод. Бо вуҷуди ин, Ҷумҳурӣ дар таърихи муборизаи озодихоҳонаи халқи Озарбойҷон осори амиқ гузошт. Ҳарчанд Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон ҳамагӣ 23 моҳ вуҷуд дошт, аммо исбот кард, ки ҳатто тартиботи бераҳмонаи мустамликавӣ ва чораҳои ҷазодиҳӣ наметавонанд ғояҳои озодихоҳӣ ва анъанаҳои истиқлолиятхоҳии мардуми Озарбойҷонро халалдор кунанд.

Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон, ки нахустин ҷумҳурии парлумонӣ дар таърихи халқи Озарбойҷон буд, аввалин намунаи давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ дар тамоми Шарқ, аз ҷумла ҷаҳони турку-исломӣ буд. Ҷумҳурӣ аз ҷихати сохти сиёсии худ, тадбирҳое, ки барои бунёди давлати демократӣ андешид, ва инчунин мақсаду вазифаҳоеро, ки дар наздаш гузошта буд аз ҷумҳуриҳои анъанавии демократии Аврупо ақиб намонд.

Нақши Ҷумҳурии Озарбойҷон дар таърихи давлатдории мардуми Озарбойҷон ва афкори иҷтимоию сиёсӣ бебаҳост ва пас аз барқарор шудани истиқлолият дар соли 1991, халқи Озарбойҷон пайравии ғояҳои Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон намуда, дар заминаи ин мероси таърихӣ давлати нави мустақили Озарбойҷонро бенёд намуд.

http://farazh.tj/habari-ruz/do-jake-az-sahifahoi-durahshoni-tarihi-davlatdorii-halqi-ozarbojjon/

Искать в архиве