Мотами миллӣ: Озарбойҷон хотираи шаҳидони «Январи сиёҳ»-ро пос медорад
Аз ҳодисаҳои 20 январи соли 1990, ки ба таърихи Озарбойҷон ҳамчун фоҷиаи январи хунин ворид шуданд, сию як сол сипарӣ гардид. 20 январи соли 1990 халқи Озарбойҷон бар ивази озодӣ ва истиқлолияти худ бисёр шаҳидонро аз даст дод. Аммо иродаи онҳо шикаст нахӯрд ва рӯҳияи баланди миллӣ суст нагардид.
Фарзандони шуҷои Ватан, ки дар ин қатли ом ҷони худро дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллӣ қурбон карданд ва ба туфайли садоқати бесобиқа ба қуллаи шаҳидӣ расиданд, дар солномаи қаҳрамононаи халқи Озарбойҷон саҳифаи нави дурахшон навиштанд.
Бояд гуфт, ки вуруди қисмҳои артиши Шӯравӣ ба Боку дар рӯзи 20 январи соли 1990 барои саркӯб кардани намоишҳои васеи оммаи халқ, ки ба амалҳои таҷовузкоронаи Арманистон ва даъвоҳои ҳудудии он ба Озарбойҷон, бар зидди пуштибонии он аз ҷониби роҳбарияти собиқ ИҶШС тоб наоварда, эътироз карданд, боиси фоҷиа гардид.
Аммо, ин фоҷиаро наметавон ҳодисае номид, ки тӯли як рӯз рух дод. Роҳбарияти ИҶШС аз он тарсиданд, ки халқи Озарбойҷон садои худро барои барқарор кардани ҳақиқат ва адолат баланд намуда, мехоҳанд дар ниҳоят аз занҷири империалистӣ халос шаванд, ба ҷинояти мудҳише даст зад, ки дар асл фурӯпошии тартиботи таадии Шӯравиро боз ҳам тезонд. Шаби 19 ба 20 январи соли 1990 мақомоти марказӣ меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунҳои кишварро комилан вайрон карда, бидуни огоҳии аҳолӣ, ба ҷорӣ кардани ҳолати фавқулодда дар шаҳри Боку шурӯъ кард. Дар натиҷаи зӯроварии ҳарбӣ, ки бо иштироки ҷузъу томҳои артиши шӯравӣ, воҳидҳои махсус, як гурӯҳи калони нерӯҳои дохилӣ ва ҳатто хизматчиёни ҳарбии эҳтиётӣ аз дигар минтақаҳои ИҶШС, ки дар он ҷо шумораи маскунони арманӣ зиёд буданд, мегузашт, аҳолии осоиштаи пойтахтро ҷазо дода, садҳо нафарро кушта, захмӣ ва нопадид намуданд.
Шаби 19 ба 20 январи соли 1990 сарбозони шӯравӣ дар атрофи Боку мустақар шуда, бидуни ҳеҷ гуна огоҳӣ, аз панҷ самт ба Боку ҳамла карданд. Танкҳо ва мошинҳои ҷангие, ки дар кӯчаҳо гулдуррос зада мегузаштанд, мошинҳо ва одамони рӯ ба рӯ омадаро пахш мекарданд, сарбозон ба сӯи аҳолии осоишта оташ кушода, ҳеҷ якеро амон надоданд. Он шаб ва чанд рӯзи оянда дар Боку ва дигар минтақаҳои Озарбойҷон 147 нафар бераҳмона кушта шуданд, 744 нафар маҷрӯҳ шуданд ва беш аз 800 нафар ғайриқонунӣ ҳабс карда шуданд.
Фоҷиаи хунини 20 январ, ки рамзи ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ гаштааст, таърихи пуршарафи муборизаи халқи Озарбойҷоронро барои соҳибихтиёрии худ инъикос мекунад. Ҳамасола, дар солгарди ин фоҷиа, миллионҳо одамон ба гулгашти Шаҳидон, ки дар баландтарин нуқтаи пойтахт ҷойгир аст, ташриф оварда, хотираи қаҳрамононро пос медоранд.
Дар чунин рӯзҳо суханони пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ба ёд оварда мешаванд: «20 январи соли 1990 фоҷиабортарин, сиёҳтарин саҳифа буд, ва дар баробари ин, саҳифаи қаҳрамонӣ ва мардонагии таърихи халқи Озарбойҷон мебошад. Боварӣ дорам, ки ҳар қадаре ки мо аз он рӯзҳо дур шавем, аҳамияти онҳоро дар таърихи халқи Озарбойҷон бештар дарк хоҳем кард ва шояд наслҳои оянда ба онҳо боз ҳам баҳои дурусттар хоҳанд дод. Аммо як чиз дуруст аст, ки 20 январи соли 1990 як марҳалаи қатъӣ дар ҳаёти мардуми Озарбойҷон буд».
Дар таърихи ҳар як миллату давлат лаҳзаҳои фоҷиабор ва саҳифаҳои қаҳрамонӣ мавҷуданд. Аммо, 20 январ дар таърихи Озарбойҷон ҳамчун яке аз саҳифаҳои беназире сабт шудааст, ки ҳам фоҷиа ва ҳам қаҳрамониро дар як вақт аз сар гузаронидааст. Оз лаҳзаҳо, гурӯҳи зиёди мардум шаҳидонро ба роҳи охиринашон гусел карданд. Дар ин рӯзи душвор, мардум шаъну шарафи миллиро нигоҳ дошта, бо вуҷуди силоҳҳои ба онҳо равонашуда, роҳи тӯлониро тай намуда, ҷасади писарони қаҳрамону шуҷои Ватанро болои китфони худ бардошта бурданд.
Мардуми Озарбойҷон фарзандони қаҳрамони миллати худро, ки ҳам дар шаби хунини 20 январ ва ҳам ҳангоми ҷанг дар Қарабоғ бо истилогарони арман шаҳид шудаанд, асло фаромӯш намекунанд. Озарбойҷон барои онҳо модар аст ва вазифаи ҳар яки онҳо аз он иборат аст, ки дар лаҳзаҳои душвор ӯро ҳимоя ва кумак кунанд. Бояд гуфт, ки роҳи волотарин – ин роҳи шаҳидон аст, ки чизи аз ҳама гаронбаҳо — ҷони худро дар роҳи ғояҳои баланд ва озодии Ватан нисор мекунанд.