2020-10-27

Харобкориву ваҳшоният дар Қаробоғ

Зиддияти Арманистону Озарбойҷон дар мавриди Қаробоғи Куҳӣ дар таърихи асри ХХ ба фоҷиабортарин муноқишаҳо дохил шуд, ки оқибатҳои он ба сарнавишти миллионҳо озарбойҷонӣ таъсири ҷиддӣ расонд. Охири солҳои 1980 аз даъвоҳои ошкорои ҳудудии ҷониби Арманистон ба заминҳои таърихии Озарбойҷон ва иғвоҳои он дар заминаи қавмӣ, амалҳои террористӣ, ин муноқиша боиси таҷовузи низомӣ алайҳи Озарбойҷон шуд. Арманистон, ки то соли 1991 бо даъвои ҳудудӣ баромад намуда буд, бидуни элони ҷанг задухӯрди мусаллаҳонаро бар зидди Озарбойҷон оғоз кард. Ин боис гашт, ки муноқиша ба марҳилаи нав, “марҳилаи ҷӯшу хурӯш” гузарад.

12-уми майи соли 1994 созишнома дар бораи ба итмом расидани ҷанг ба имзо расид, вале то он замон аллакай аз тарафи қувваҳои мусаллаҳи Арманистон зиёда аз 20 фоизи ҳудуди Озарбойҷон, хусусан шаҳри Ханкенд, Хоҷалӣ, минтақаҳои Шушинск, Лачинск, Хоҷавенд, Калбаҷар, Агдам, Физулӣ, Ҷабраил, Губадлӣ, Зангилон, 13 деҳаи минтақаи Тертер, 7 деҳаи минтақаи Ғозах ва як деҳаи минтақаи Садараки Нахчувон забт карда шуда буд. Бар асари таҷовузи Арманистон зиёда аз 1 миллион озарбойҷонӣ гуреза ва маҷбуран кӯчманчӣ шуда, 20 ҳазор нафар фавтида, 50 ҳазор нафари дигар маъюб гаштанд.

Рӯзи 27-уми сентябр, тахминан соати 06:00, неруҳои мусаллаҳи Арманистон бар зидди артиши Озарбойҷон дар тамоми хати фронт ва маҳалҳои аҳолинишини кишвар, ки дар минтақаи хати пеш ҷойгир буданд, аз силоҳҳои қутраш бузург, миномётҳо ва артиллерия истифода намуда, иғвоҳои густурдаеро ба роҳ андохтанд. Бо мақсади пахш кардани фаъолияти ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Арманистон ва таъмини бехатарии аҳолӣ, фармондеҳии артиши Озарбойҷон тасмим гирифт, ки дар тамоми фронт амалиёти зидди ҳамлаи сарбозонро оғоз кунад. Дар ин рӯзҳо артиши Озарбойҷон қадам ба қадам қаламрави таърихии Ҷумҳурии Озарбойҷон — Қаробоғи Куҳӣ ва чанд минтақаи гирду атрофро, ки тӯли 30 сол зери асорати қувваҳои мусаллаҳи Арманистон қарор доштанд, озод кард.

Инчунин, дар натиҷаи амалҳои мардонаи қувваҳои мусаллаҳ чанд маҳалли аҳолинишин ва марказҳои маъмурӣ — Ҷабраил, Физулӣ, Зангилан, Хоҷавенд ва минтақаҳои Тертер озод шуданд. Баъд аз ишғол кардани қисме аз минтақаи Загилан маълум гардид, ки масҷидҳо дар ҳолати харобовар қарор дошта, аз масҷидҳо ба ғайр аз девораҳо дигар чизе боқӣ намондааст.

Нобуд сохтани мероси моддиву маънавии қисми забтшудаи Озарбойҷон аз тарафи Арманистон шабоҳат бар онанд, ки ин як амали вайронкорона на танҳо бар зидди Озарбойҷон, балки муқобили тамоми дастовардҳои инсонӣ аст. Вайронкорӣ, ғоратгарӣ, азхуд кардани ёдгориҳои динӣ ва мадании қисми ишғолкардаи Озарбойҷон аз тарафи Арманистон гувоҳи он аст, ки ин як сиёсати таҷовузкорона бар зидди Озарбойҷон аз тарафи Арманистон мебошад. Бино ба маълумотҳои расмӣ, дар қисми ишғолшуда 403 ёдгориҳои таърихӣ ва динӣ, аз ҷумла 67 масҷид, 144 маъбад, 192 мамнуъгоҳ, аз 67 адад 63 масҷиди исломӣ (13-то дар Шуш, 5-то дар Агдам, 16-то дар Физули, 12-то дар Зангилан, 5-то дар Ҷабраил, 8-то дар Губадли ва боз 8-то дар Лочин) пурра хароб карда шуда, чор масҷиди дигар қисман хароб шудааст.

 Нигоҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ дар масҷидҳои исломии Озарбойҷон, ки ҷойи ибодати мусалмонон аст, ноҳурматӣ нисбат ба арзишҳои динии мардуми Озарбойҷон ва кулли мардуми мусалмони дунё мебошад ва ин далелҳо бояд дар сатҳи қонунҳои байналмилалӣ арзёбӣ карда шаванд. Мо тамоми давлатҳои мутамаддин ва мардуми рӯи дунёро даъват бар он мекунем, ки нисбати ин амалҳои ваҳшиёнаи Арманистон бар зидди арзишҳои инсонӣ чораандешӣ ва маҳкум кунанд.

https://faraj.tj/habari-ruz/harobkorivu-vahshonijat-dar-arobogh/

Искать в архиве