2020-10-14

Арманистон зодгоҳи Низомии Ганҷавиро мушакборон кард

Шаби 11-уми октябр неруҳои мусаллаҳи Арманистон ба сӯи дуввумин шаҳри бузурги Озарбойҷон — Ганҷа, ки дур аз задухӯрди қувваҳои мусаллаҳ қарор дошт, аз мушак оташ кушоданд, ки дар натиҷа 10 нафар сокини осоишта кушта шуда, 34 нафари дигар,  аз ҷумла, кӯдакон маҷруҳ гардида, иншооти ҷамъиятӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳои дигар хисороти ҷиддӣ диданд.

Ганҷа, ки тӯли асрҳо ҳамчун маркази фарҳанг дар Роҳи абрешим маъруф аст, ба ҷаҳониён шоир ва мутафаккири бузург Низомии Ганҷавӣ (тақрибан солҳои 1141 — 1209), яке аз бузургтарин шоирони шарқи асрҳои миёнаро, ки ба назми шарқ нутқи шифоҳӣ ва услуби реалистиро ворид кардааст, армуғон овард. Эҷодиёти ӯро дар тамоми шарқ, аз Боку то Душанбе, аз Истамбул то Бухоро дӯст медоранд. Эҷодиёти нотакрори ӯ шоирони бузургеро ба мисли Ҳофизу Саъдӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ ба ваҷд овардааст. Лирикаи ӯ, ки қисман ба мо расидааст, ҳамаи асарҳояш, ҳар кадоме дар алоҳидагӣ як системаи шоирона ва фалсафавӣ дар бораи ҳамоҳангии иҷтимоӣ ва ахлоқии шахс ва аъмоли ӯ мебошанд. Осори Низомии Ганҷавӣ, ки инъикосгари арзишҳои инсондӯстӣ, умумиҷаҳонӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии он давра буд, авҷи эҳёи Шарқ гардид. Низоми Ганҷавӣ дар адабиёти шарқ самти наверо боз намуда, дар рушди ғояҳои инсондӯстии кишварҳои Шарқи наздик саҳми бебаҳо гузоштааст.

Дар Ганҷа 195 ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Яке аз ин ёдгориҳо бостоншиносии дорои аҳамияти ҷаҳонидошта, 15 ёдгории меъмории дорои аҳамияти миллӣ, 3 мавзеи дории аҳамияти давлатидошта, 7 ёдгории боғдории манзаравии дорои аҳамияти маҳаллӣ, 169 ёдгориҳои аҳамияти маҳаллидошта ва як ёдгории санъати ороишӣ аст.

Мероси бойи фарҳангии шаҳр аз он шаҳодат медиҳад, ки дар он як ёдгории бостоншиносии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ бо ҳимояи давлатӣ дар қаламрави мамнуъгоҳи таърихӣ ва фарҳангии Ганҷа ҷойгир аст. Он маҷмааи Ганҷаи қадим (асрҳои миёна) мебошад. Аз ҷумлаи ёдгориҳои меъмории аҳамияти миллӣ дошта маҷмааи Имомзода (асрҳои XVII-XIX), корвонсаройҳои Угурлухон ва Шоҳ Аббос (асрҳои XVII-XVIII), қалъа ва деворҳои Ганҷа (асрҳои XV-XVI), ки дар соҳили дарёи Ганҷа ҷойгиранд, ба шумор мераванд.

Сарфи назар аз оташбас ва ҳушдорҳои сершумори Озарбойҷон тавассути созмонҳои дахлдори байналмилалӣ, Арманистон бори дигар ба сӯи Ганҷа оташ кушод, ки ба аҳолии осоишта, ашёи ғайринизомӣ, ёдгориҳои таърихӣ равона карда шуда буд, ки меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Гаагаи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи моликияти фарҳангӣ дар ҳолати низои мусаллаҳона дар соли 1954, Конвенсияи соли 1972 ЮНЕСКО дар бораи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиии ҷаҳон, Конвенсияи Женева нисбати ҳимояи шаҳрвандон дар замони ҷанг (1949), Конвенсияи Аврупо оид ба ҳифзи мероси бостоншиносӣ (1992) ва дигар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро дағалона вайрон кард.

Бо равонасозии зарбаҳои мушакӣ ба шаҳри бостонии Ганҷа, ки маркази таърихӣ ва фарҳангии Озарбойҷон аст, бори дигар Арманистон сиёсати вайронкориашро на танҳо дар нисбати Озарбойҷон, балки нисбати тамоми ёдгориҳои фарҳангии ҷаҳонӣ бори дигар намоиш дод.

 

https://faraj.tj/habari-ruz/armaniston-zodgohi-nizomii-ganjaviro-mushakboron-kard/

Искать в архиве