Забони озарӣ чӣ гуна пояи устувори ҳамбастагии Озарбойҷониҳои ҷаҳон шуд?
Пайдоиши ҳар як халқу миллат ба рушди фарҳанг, забон ва хати он робитаи ногусастанӣ дорад. Забони озарӣ дар диёри хушманзараи Озарбойҷон, дар заминаи забонҳои қабилавии огуз ва қипчоқ ташаккул ёфтааст. Бояд гуфт, ки шакли субдиалектикии забон тариқи ёдгориҳои фолклорӣ то замони мо расидааст. Яке аз намунаҳои он “Китоби Деде Горгуд” аст.
Забони озарӣ дорои имкониятҳои бойи имлоӣ ва баёнӣ буда, бо фаровонии синонимҳо ва устувории сохтори грамматикияш, бо шеваи зебо ва оҳанги нотакрори худ фарқкунанда аст. Тариқи ин забон, бисёр асарҳои нодире офарида шудаанд, ки ба ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ шомиланд.
Бори аввал забони озариро дар сатҳи давлатӣ ҳокими барҷаста - Шоҳ Исмоил Хатоӣ (асосгузори давлати Сафавӣ), ки ба давлати ягонаи Озарбойҷон асос гузошта буд, боло бурд. Муаллифи шеърҳои зебои лирикӣ Шоҳ Исмоил, ҳам ба забони форсӣ ва ҳам туркӣ-озарӣ асар эҷод менамуд. Дар офаридаҳои ӯ таъсири шеърҳои халқӣ ва достон равшан ба назар мерасид. Дар давраҳои мухталифи эҷодиёти худ бузургоне амсоли Фузулӣ ва Насимӣ асарҳои нодири худро ба забони озарӣ офарида, шоҳасарҳои назми Озарбойҷонро ба вуҷуд овардаанд ва ба забони адабии Озарбойҷон асос гузоштанд. Бояд қайд кард, ки диққати асосиро рушди хати Озарбойҷон ҷалб менамояд, ки аз туркҳои қадим маншаъ гирифтааст. Онҳо алифбои махсуси руниро истифода менамуданд. Навиштаҷотҳо тариқи алифбои рунӣ то замони мо низ расидаанд, монанди нигораҳои рунии рӯисангии асрҳои VII-VIII, ки дар минтақаи Орхон-Енисеи Сибир ва Муғулистон бозёфт шудаанд. Матнҳои қадимии туркӣ бошад, мероси умумифарҳангии тамоми халқҳои туркнажод, аз ҷумла озарбойҷониҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар давлати Албани Қафқоз, ки дар қаламрави Озарбойҷони Шимолӣ ҷойгир аст (асри IV пеш аз мелод - асри VII мелодӣ) сар карда, аз асри V алифбои махсуси Албанӣ истифода шудааст. Ҳангоми ҳафриётҳои археологӣ дар Мингачавир навиштаҷоти кӯтоҳи ин алифбо дар иморатҳои сангин, шамъдонҳо ва ашёҳои рӯзгор ёфт шуданд. Муддати зиёд, алифбои Албанӣ аз байн рафта ҳисобида мешуд.
Дар охири асри VII Озарбойҷон аз ҷониби қувваҳои Хилофати араб забт карда шуд ва пас аз он дини ислом ва алифбои арабӣ дар ин ҷо паҳн гашт. Дар тӯли асрҳои IX-XIV олами ислом асоси пешрафти тамаддуни умумибашариро ташкил медод. Озарбойҷон низ монанди тамоми мусулмонони Шарқ, ҳуруфи арабиро ба ҳайси алифбои худ истифода менамуд. Аз ин ҷост, ки асарҳои шоирони маъруфи туркзабони асрҳои миёна ба монанди Имодаддин Насимӣ (асри XIV), Муҳаммад Фузулӣ (асри XVI), Шоҳ Исмоил Хатоӣ (асри XVI) ва ғайра бо ин ҳуруф эҷод карда шуданд.
Дар замони Сафавиҳо сокинони маҳаллӣ ва хориҷиҳо забони озариро ҳаргуна ном мебурданд. Бархе онро қизилбошӣ, аврупоиҳо ва аксари эрониҳо туркӣ меномиданд. Дар Русияи пеш аз инқилобӣ, ҳама забонҳои туркӣ, аз ҷумла озарбойҷониро, тоторӣ меномиданд. Чунин номҳое низ монанди "забони тотории Моварои Қафқоз" ё "адербиҷонӣ" вомехӯрданд. Дар асрҳои XIX ва аввали асри ХХ, номҳое низ ба монанди: туркӣ, озарбойҷонӣ-туркӣ ва озарбойҷонӣ истифода мешуданд.
Лоиҳаҳои нахустин тарҷумаи хатти Озарбойҷон ба алифбои лотинӣ дар миёнаи асри XIX пайдо шуданд. Маорифпарвар ва файласуфи бузурги озарбойҷонӣ Мирзо Фатҳалӣ Ахундов яке аз намунаҳои алифбои нави озариро тартиб дода буд. Бо эълони Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон, забони туркӣ (Озарбойҷонӣ) забони давлатӣ эълон шуд ва дар назди Вазорати маорифи ҶДО комиссия доир ба таҳияи алифбои нав таъсис дода шуд.
Дар Озарбойҷони Шӯравӣ то нимаи дуюми асри XX забони озарӣ мақоме надошт ва танҳо 21 августи соли 1956 қонун доир ба ворид намудани тағйиру илова ба Сарқонуни Ҷумҳурии Озарбойҷони Шӯравӣ аз соли 1937 бо моддае доири забони давлатӣ қабул шуд, ки тибқи он забони озарӣ дар ин ҷумҳурӣ мақоми забони давлатиро касб намуд.
Илова бар ин, пас аз эълони ҶШС Озарбойҷон, масъалаи лотинисозии алифбои Озарбойҷон бори дигар матра шуд, ва соли 1922 алифбои нав тасдиқ шуда, аз соли 1925 он расман баробари алифбои арабӣ истифода мешуд. Аммо, Сталин аз рушди ҷумҳуриҳои туркзабонони Шӯравӣ ва бад-ин васила, эҳтимолияти халалдор кардани пояҳои қудрати Шӯравӣ ҳаросида, ҳама гуна наздикӣ ва робитаҳои ҷумҳуриҳои туркзабони Шӯравиро бо Туркия пешгирӣ менамуд.
Аз ин рӯ, аллакай моҳи ноябри соли 1939, алифбои нав бо хатти кириллӣ расман тасдиқ шуд, ки онро комиссияи алифбои назди Шӯрои Комиссарони Халқии Озарбойҷон таҳия намуд. Бедоршавии ҳувияти миллӣ пас аз ҳаракати озодихоҳона дар Озарбойҷон боис гардид, ки бо ташаббуси намояндагони машҳури зиёиён алифбои кириллӣ ба алифбои лотинӣ иваз карда шуд ва забони Озарбойҷон ҳамчун забони давлатӣ қонунан тасдиқ карда шуд. Замони роҳбарии Ҳайдар Алиев, ҳифз ва инкишоф додани забони озарӣ яке аз авлавиятҳои сохтмони давлати мустақил ҳисобида мешуд. Дар барномаи стратегие, ки барои оянда таҳия шуда, асоси бунёди давлати миллиро ташкил медод, забони озарбойҷонӣ дар маркази диққати махсус қарор дошт. Натиҷаи ҳамаи корҳои ба сомон расонда нисбат ба мақоми давлатӣ касб намудани забони озарӣ чунин буд, ки дар Сарқонуни (Конститутсияи) соли 1978 ба тасвиб расида, забони озарӣ мақоми забонӣ давлатиро гирифт. Чунин иқдом маҳз ба хотири Озарбойҷони мустақилу навин ва ояндадор гирифта шуд.
Истифодаи васеи забони озарӣ дар идоракунӣ, таҷлил намудан ва пос доштани хотираи классикон дар саросари Шӯравӣ, ба сафи пеш баромадани фарҳанги Озарбойҷон дар арсаи Шӯравӣ, марҳала ба марҳала омӯхтану нашр намудани ёдгориҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ – ҳаммаи ин натиҷаи сиёсати муайяне буд, ки ба асосҳои ғоявии миллии давлатдории оянда такя намуда буд.
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар соли 1991, забони озарӣ бори дигар забони давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон эълон шуд ва алифбо дубора ба ҳуруфи лотинӣ баргардонда шуд. Алифбои нави лотинӣ аз нусхаи аслии солҳои пешин, яъне 1929-39 фарқ дошта, ба алифбои лотиние, ки дар Туркия истифода мешуд, шабоҳат дошт. 22 декабри соли 1992 "Қонун дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон" ба имзо расид, ки дар он номи "забони озарӣ" бо "забони туркӣ", ки то соли 1936 истифода мешуд, иваз карда шуд. 12 ноябри соли 1995 Конститутсияи (Сарқонуни) нахустини Озарбойҷони мустақил қабул карда шуд, ки мақоми давлатии забони озариро муқаррар кард. Аз ин ба баъд номи "забони туркӣ", ки то соли 1936 истифода шуда буд, бекор карда шуда, номи расмии "Забони Озарбойҷонӣ", ки аз соли 1936 то 22 декабри соли 1992 истифода мешуд, барқарор карда шуд.
Тибқи фармони аз 18 июни соли 2001 "Дар бораи такмил додани истифодабарии забони давлатӣ", ки дар он нақш ва вазифаҳои забони озарӣ ҳамчун як ҷузъи давлатдории мустақил таъкид шудааст, аз 1 августи соли 2001 гузариш ба алифбои озарӣ бо ҳуруфи лотинӣ дар ҳама ҷо оғоз ёфт. Инчунин ҳамасола 1 август дар Озарбойҷон ҳамчун Рӯзи алифбои Озарбойҷон ва забони озарӣ ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз сиёсати рушд ва такмили забони Озарбойҷонӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бомуваффақият идома дорад. Бесабаб нест, ки ӯ, ҳамчун сарвари давлат, ба анъанаҳои давлатдорӣ миллӣ содиқ буда, яке аз аввалин ҳуҷҷатҳое, ки ба имзо расонд, ин “Фармон дар бораи тарҷумаи асарҳои машҳури классикони Озарбойҷон ва ҷаҳониён ба хатти лотинии забони озарӣ ва татбиқи нашри оммавии онҳо” мебошад. Бояд қайд кард, ки дар замонӣ муосири иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ, дар Озарбойҷон ба забони модарӣ диққати махсус дода мешавад ва барои ҳифз ва равнақ додани он ҳамчун як ганҷи миллии халқи Озарбойҷон, ҳамчун пояи мустаҳками ҳамбастагии озарбойҷониҳои ҷаҳон ва ҳамчун яке аз рамзҳои асосии Озарбойҷони соҳибистиқлол қадамҳои муҳим андешида мешаванд.
Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон тақрибан 50 миллион нафар бо забони озарбойҷонӣ гап мезананд, аз ин рӯ ҳифз ва ҳимояи он барои ҳар як шаҳрванди Озарбойҷони мустақил ва Озарбойҷониҳои тамоми ҷаҳон вазифаи муқаддас маҳсуб меёбад.