2020-05-15

Абдураҳимбек Ҳақбердиев шахсияти намоёни адабиёти Озарбойҷон

150 сол муқаддам, 17 майи соли 1870 Абдураҳимбек Ҳақбердиев (Ахвердиев), шахсияти барҷастаи адабиёти Озарбойҷон, драматурги боистеъдод, насрнавис, публитсист, асосгузори театр ва ходими маъруф чашм ба олами ҳастӣ кушод.

    Бо фармони Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ба хотири бузургдошт аз ин устоди тавонои сухан, ки дар рушди адабиёту ҳунар ва афкори фарҳангию иҷтимоии мардуми Озарбойҷон саҳми назаррасе гузоштааст, аз 150-солагии ин нависандаи барҷаста бо баргузории маросимҳои муҳташаме таҷлил мешавад.

   Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаҳон, минтақаҳое мавҷуданд, ки на танҳо бо сарватҳои ғании табиӣ ва зебо, балки бо инсонҳое, низ машҳур гардидаанд, ки дар он ҷо зода шуда ва ба воя расидаанд ва дар ин ё он бахше  миёни ҷаҳониён маъруф гаштаанд. Дар минтақаҳои Озарбойҷон низ чунин шахсони бемислу монанд кам нестанд. Зимнан, минтақаи Гёкчин бо «ошуғон» –и (ҳофизони халқии мардуми Қафқоз) худ; минтақаҳои Газох ва Ширвон – бо шоирону нависандагони боистеъдод; Нахҷувон ва Кедабек – олимони намоён; Қарабоғ - мусиқинавозон, оҳангсозон, шоирон ва драматургҳои беҳамто машҳуранд.

   Маорифпарвар ва драматурги маъруф, нависандаи боистеъдод, публитсисту ҳаҷвнависи андешаманд, ходими барҷастаи театр, устоди мусиқӣ, яке аз саромадони фаъолияти дирижёрӣ, тарҷумон, инсони соҳибмаърифат, олим ва омӯзгор, як зиёии тамомайёр – Абдураҳимбек Ҳақбердиев зодаи чунин як мавзеъи пурасрору муқаддас ва фаромӯшнашаванда мисли Қарабоғи Озарбойҷон аст.

    Ӯ 17 майи соли 1870 дар деҳаи Акбулағ (дар наздикии Шуша) дар хонаводаи ашрофзодаи фақир бо номи Асадбек ба дунё омадааст. Падараш дар воҳиди маъмурии идоракунии шаҳр ба ҳайси тарҷумон кор кардааст. Аммо дар синни 3-солагӣ аз падар маҳрум монда, ӯро падарандараш Ҳасаналибек Содиқов, марди соҳибмаърифат ба воя расонда, ба ӯ хату саводи русиро омӯзонд. Соли 1880, хонаводаи онҳо ба Шуша, шаҳри аслии Қарабоғ кӯч баст ва Абдураҳимбек ба мактаби шашсолаи шаҳр дохил шуд, пас аз як соли таҳсил, ба омӯзишгоҳи аслӣ гузашт. Аз соли 1890, таҳсилро дар Тифлис, ки он замон маркази маъмурию фарҳангии Қафқоз буд, идома дод ва пас аз як сол, баъди гирифтани шаҳодатномаи камолот, барои таҳсил ба Донишкадаи муҳандисони роҳи оҳани Санкт-Петербург пазируфта шуд.

    Дар баробари омӯзиш дар риштаи муҳандисии роҳи оҳан, ӯ ҳамчунин ба ҳайси шунавандаи озод дар дарсҳои адабиёти факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Санкт-Петербург мунтазам ширкат меварзид. Ахвердиев ба таври ҷиддӣ ба омӯхтани забони форсӣ, арабӣ ва филологияи шарқ машғул буд. Дар тӯли панҷ сол, ӯ ҳама имтиҳоноти таҳсилро бомуваффақият супорида, дипломи филолог – шарқшиносро низ соҳиб гардид. 

    Ӯ ба театр майлу рағбати зиёд дошт; ба нақли худи нависанда, аз миёни театрҳои Петербург, ба хусус ба театри Александринский таваҷҷуҳи зиёд доштааст.

    Таҳти таъсири судманди муҳити театрии Санкт-Петербург, Абдураҳимбеки ҷавон аввалин песаҳои худро дар пойтахти Империяи Русия навиштааст: мазҳакаи  бо номи "Гӯшти қозро бихӯрӣ, маззаи онро хоҳӣ фаҳмид" - "Кор ба охир мерасад" (1892), ки дар ин ҷо ӯ бисёрзаниро ба масхара кашида, баъдан фоҷиаеро доир ба таназзули хоҷагиҳои ашрофиёну заминдорон бо номи «Лонаи харобшуда» (1894) эҷод мекунад, ки соли 1899 онро дар тарҷумаи муаллиф бо забони русӣ нашр менамояд.  

     Пас аз як соли бозгашт аз Санкт-Петербург ба Боку, ӯ драмаи "Ҷавони бадбахт" -ро навишт. Барои нависанда солҳои 1899-1904, ки дар Боку ба сар мебурд, хеле пурбор буд. Дар тӯли ин замон, ӯ ба драмаи "Ҷавони бадбахт", ки дар боло зикр шуд, фоҷиаи афсонавӣ, вале хеле ҳаётии «Парии ҷодугар»-ро офарид. Бояд зикр кард, ки Бокуи он давра босуръат рушд мекард. Ӯ ба яке аз бузургтарин марказҳои иқтисодӣ ва фарҳангии Русияи подшоҳӣ табдил ёфта буд. Он замон зиёиёни Озарбойҷон низ хеле афзуданд. Он замон марҳилаи нашъунамои театри Озарбойҷон буд, ҳунармандони касбӣ монанди ходими намоёни ҳунар, Ҳусейн Араблинский намунаҳои волои санъати театриро офарида буданд.

    Бозгашти Ҳақбердиев ба ватан ба замоне рост омад, ки маҷаллаи мазҳакавӣ-демократии «Мулло Насриддин» шӯҳрати зиёд пайдо карда буд (Солҳои 1906 то 1931 нашр мешуд). Ношири маҷалла, нависандаи бузургу озодбаён Ҷалил Мамедқулизода (1869–1932) Ҳақбердиевро ба ҳамкорӣ бо маҷалла даъват кард, ва фоҷианависи шинохта ба шӯхиву ҳаҷв рӯ оварда, аз асарҳои фоҷиавии калонҳаҷм ба ҳикоя, ёддошт, новелла, мазҳакаи якпардагию, дупардагӣ гузашта, дар ин раванд аз худ ҳамчун устоди комил ва боистеъдод дарак дод.

    Ба қалами Ҳақбердиев мақолаҳои илмии зиёди ҳунари театрӣ ва адабиётшиносӣ таалуқ доранд, аз ҷумла «Театр дар Озарбойҷон», "Намоишҳои халқӣ ва фоҷиаҳои мазҳабӣ дар Озарбойҷон", "Ҳаёт ва фаъолияти М.Ф. Ахундов", "Намунаҳои адабиёти кӯҳна ва нав", «Андозаи ҳиҷой», "Доир ба асари "Парии ҷодугар" ва "Ҳаёт ва фаъолияти М. Горкий."

     Абдураҳимбек Ҳақбердиев, ки қадрдони ҳунари воло ва мусиқишиноси бозавқе буд, бори аввал навозандагону мутрибони Озарбойҷонро, бо номи «Сазандарҳо», муттаҳид сохта, онҳоро роҳбарӣ намуд ва ба такмили маҳорати онҳо мусоидат кард. А. Ҳақбердиев аввалин шуда аҳамияти бузурги «ошуғ»-ро барои рушди санъати миллӣ дарк намуд ва барои паҳн кардани эҷодиёташон кӯшиши зиёде ба харҷ дод. Ӯ роҳбарии оркести аввалин операи озарбойҷонии Узеир Ҳоҷибековро бо номи "Лайлӣ ва Маҷнун", ки соли 1908 дар Боку гузошта шуда буд, бар уҳда дошт.

    Нависандаи боистеъдод, арбоби пешқадами ҷамъиятӣ, шахси бофаҳангу ситорагарм, рафиқи меҳрубон, ҳамсӯҳбати ҷолибу бомаърифат, ҳамаи ин гуфтаҳоро месазад ба А. Ҳақбердиев нисбат дод, ва ӯ барҳақ таҳти маркази таваҷҷуҳи ҳаракати фарҳангии Озарбойҷон қарор гирифт.

     Ҳамаи ин далелҳо гуногунрангии майлу рағбати зиёии номдори карабоғӣ, Ҳунарманди шоистаи ҶШС Озарбойҷонро (1932) дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар равшан нишон медиҳад.

     То рӯзҳои охирини ҳаёт ин коргари заҳматкаш на қалами нависандагиро вогузошт, на кафедраю фаъолияти омузгорӣ, ва на корҳои ҷамъиятӣ-ватандӯстиро, ва тамоми нерӯи худро ба манфиати халқи худ бахшид. 11 декабри соли 1933, дар авҷи эҷод, нависанда бар асари сактаи қалб вафот кард.

      Абдураҳимбек Ҳақбердиев фаъолияти пурбору гуногунҷабҳаро ҳамчун вориси арзишманди анъанаҳои адабии гузаштагони маъруфи худ ба сомон расонд, ӯ зиёие, ки дорои фазилати барҷаста ва ҷаҳонбинии муосир буд, адабиёти аслии Озарбойҷон ва тафаккури маорифпарваронаву озодихоҳонаро ба зинаи нав бардошта, дар рушди шуури миллӣ нақши муҳим бозид.

      Мероси гаронбаҳои драматургии устод, барои пешрафти фарҳанги театрӣ дар Озарбойҷон роҳ кушод. Қиссаҳои пур аз арзишҳои ҳаёти воқеии ӯ ҷои намоёну махсусеро миёни намунаҳои арзандаи насри Озарбойҷон ишӯол карданд. Нависандаи ватандӯст дар асарҳояш умеду орзуҳои мардумро ҷой дод, мардуме, ки дӯсташон медошт ва беподош хидматашон мекард. Ӯ ҳамчун тарғиботчии шӯълавар ва ҳомии маорифпарварӣ, ҳамеша ба бедории фарҳангӣ ва пешрафт даъват мекард. Абдураҳимбек Ҳақбердиев дар ҳаёти ҷамъиятии Озарбойҷон фаъолона ширкат варзида, дар сохтори соҳаи иҷтимоию фарҳангӣ заҳмати зиёд ба харҷ додааст.

     Ба рӯйхати ҷашнвораҳои шахсони маъруф ва рӯйдодҳои муҳимми ЮНЕСКО барои солҳои 2020-2021 шомил намудани номи Абдураҳимбек Ҳақбердиев гувоҳи равшани қадршиносии баланди эҷодиёти нависандаи инсонпарвар аст, ки ҳамчун як шахсияти дурахшони адабиёти бисёрасраи Озарбойҷон, арзишҳои волои рӯҳонӣ ва умумибашарии халқи Озарбойҷонро инъикос намуд.   

Раҳима Сулаймонӣ     

Искать в архиве