Муъҷизаҳои Ҳайдар Алиев
«Бузургтарин муҷассамаи ёдбуди Ҳайдар Алиев давлати мустақили Озарбойҷон аст«.
Президент Илҳом Алиев
Дар таърихи ҳар миллату давлат лаҳзаҳои муҳиме дарҷ ёфтаанд, ки оянда ва сарнавишти мардумро муайян мекунанд. Чунин лаҳзаҳоро пешгӯӣ, муайян ва ё такрор кардан номумкин аст, зеро онҳо бо гузашти вақту замон ба амал меоянд. Танҳо таърих метавонад ҷои муносибро барои чунин лаҳзаҳо муайян кунад, зеро вақте таърих эҷод мекунад, дар табиат қуввае ё падидае набошад, ки бо зебоӣ, аҳамият ва қувваи бемислаш бо он баробар шавад. Ана ҳамин аст зебоӣ ва тавоноии таърих, ки сарнавишти мардуми оламро муайян мекунад.
10-уми майи соли 1923 дар Нахҷувон дар оилаи корманди роҳи оҳан Ҳайдар ном писарчае чашм ба олами ҳастӣ кушод. Он вақт касе гумон намекард, ки бо гузашти солҳо ин шахс ба як сиёсатмадори пешсафи ҷаҳон мубаддал мегардад ва тамоми ҷаҳон дар бораи ӯ суҳбат хоҳад кард. Ӯ дар сафи яке аз 9 пешвоёни давлати абарқудрати ҷаҳон, яъне Иттиҳоди Шӯравӣ хоҳад буд.
Ба эътирози баъзе кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нигоҳ накарда, дар натиҷаи фаъолияти пурсамараш дар Боку дар соли 1994 як қарордоди нафтии аҳамияти муҳими ҷаҳонӣ дошта ба имзо расид. Ду маротиба, дар замонҳои гуногун, Ҳайдар Алиев раҳбарии Озарбойҷонро ба зимма гирифта буд ва ҳарду замон муъҷиза ба амал овард. Яъне бори аввал ба сари қудрат омаданаш дар соли 1969, ӯ ба он муваффақ шуд, ки Озарбойҷон яке аз ҷумҳуриҳои пешрафтаи ИҶШС гардад. Бори дуввум бошад, соли 1993, замони ба сари ҳокимият омадани Ҳайдар Алиев дар Озарбойҷон, кишвар дар арафаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт.
Таҷовуз аз тарафи Арманистон, гурезаҳо, иқтисодиёти харобгашта, навбат барои дарёфти нон ва мардуме, ки моҳҳо маошашонро надидаанд. Ба гуфти сиёсатшиносони машҳури ҷаҳонӣ, ки он замон иброз доштанд: “Озарбойҷон дар чунин як ҳолати вазнине қарор дорад, ки ҳатто як сиёсатмадори ботаҷриба ва озмудашудае мисли Ҳайдар Алиев, гумон аст, ки кӯмак карда тавонад”. Аммо ӯ аз худ муъҷиза нишон дод. Ҷанг қатъ гардид. Ба замми ин, ба фишори баъзе кишварҳо нигоҳ накарда, «Шартномаи аср» ба имзо расид, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дошт. Қубури нафти Боку-Тбилиси-Ҷайҳун сохта шуд ва имрӯз он бо ифтихор номи Ҳайдар Алиевро гирифтааст. Иқтисодиёти кишвар баланд бардошта шуд ва муҳимтар аз ҳама, Ҳайдар Алиев даъват ба амал овард, то мардум ба худ ва ояндаи дурахшон эътимоди комил пайдо намояд.
Таърих мисолҳоеро медонад, ки шахсиятҳои барҷастае мисли Мустафо Кемал Ататюрк, Шарл де Голл, Авраам Линколн ва Франклин Рузвелт бо фаъолияташон дар таърихи халқҳои худ ҳиссаи фаромӯшнопазир гузоштаанд. Байни Ҳайдар Алиев ва пешвоёни намоёни ҷаҳон низ бисёр ҷиҳатҳои монанд вуҷуд дорад.
Соли 1993 Ҳайдар Алиев бори дигар Озарбойҷонро сарварӣ кард ва сарфи назар аз таҳрикҳои ифлосе, ки дар он замон зидди ӯ созмон дода шуда буд, ҳар як нафареро, ки дар ин кор ширкат дошт, бахшид, ин ҳам ба хотири ояндаи миллату давлат. Ӯ даъват намуд, ки ба хотири наҷот ва ояндаи миллат муттаҳид шаванд ва худ низ рамзи муттаҳидии мардум гашт. Чунончи гуфта буд: “Қисми боқимондаи ҳаётамро ба хизмати халқ месупорам”.
Бояд гуфт, ки баъди ба сари қудрат омадани Ҳайдар Алиев халқи Озарбойҷон қувва ва нерӯи пешбарандаеро ҳис намуд. Ӯ тавонист миллаташро руҳбаланд кунад, аз вартаи буҳрон бароварад ва Озарбойҷонро ба як кишвари босуръат рушдёбанда табдил диҳад. Ӯ мардумро ба он бовар кунонд, ки ба худ эътимоди қавӣ дошта бошанд, муттаҳид ва рамзи ҳамбастагӣ шаванд. Президенти Русия Владимир Путин Ҳайдар Алиевро «Сахраи азими сиёсӣ» ном бурд. Ӯ на танҳо сахраи сиёсӣ, балки пойдевори устуворе буд, ки болои он давлат такя мекард. Аз қайди ҳаёт рафтани Ҳайдар Алиев Озарбойҷонро мисли ятим монда буд. 12-уми декабри соли 2003, дар рӯзи дафни ӯ ҳеҷ кас одамонро ба кӯчаҳо даъват накард. Мардум худ аз манотиқи гуногуни Озарбойҷон ҷамъ шуда буданд. Даст ба даст бо чашмони ашкин пешвояшонро ба роҳи охирон гуселониданд. Бо изҳори эҳтироми бузург озарбойҷониеро гусел мекарданд, ки дар як замони душвор онҳоро иттиҳод намуд ва боварию умед ба зиндагияшон овард.
Ӯ озарбойҷониҳои тамоми ҷаҳонро муттаҳид намуд, чуноне ки дигар сиёсатмадорони бузург дар вақташ барои кишварҳои худ карданд. Агар амрикоиҳо бо сиёсатмадорони тавонои худ ба мисли А. Линколн ва Ф. Рузвелт, туркҳо бо М. К. Ататюрк, бритониёӣ бо У. Черчилл, фаронсавиҳо бо Ш. де Голль, немисҳо бо Бисмарк ифтихор кунанд, пас дар қатори онҳо пурифтихорона номи бузурги фарзанди Озарбойҷон Ҳайдар Алиев истодааст.
Бигзор бо гузашти замон ва омадани наслҳои оянда Президенти бузурги миллат фаромӯш нашавад — президенте, ки таҷассумгари шаъну шуҷоъ буд ва дар соати даҳшатноктарини халқи худ тарсу ҳаросро пушти сар карда, ба ҳар якашон умед бахшид, эътиқодро ба дилҳо ҷо кард ва нерӯи пешбарандаи ҳар як озарӣ шуд.
Ӯ аз олам даргузашт, вале Худованд ҷиҳати сипос ба халқи пурмеҳру таҳаммулпазири Озарбойҷон як вориси ҷавону бомаърифат ва давомдиҳандаи кору пайкораш — Илҳом Алиевро фиристод.
Дар тӯли 16 соли ҳукмронии Илҳом Алиев иқтисодиёти Озарбойҷон қадамҳои назаррасу устувореро ба сӯи пешрафти кишвар гузошт ва дар миқёси минтақа пешсаф гардид. Вай анъанаҳои аз ҷониби Пешвои бузурги миллат Ҳайдар Алиев асосёфтаро идома дода, ба арзишҳо он нафаси тоза овард ва мувофиқи ваъдаи додааш, Президенти ҳар як Озарбойҷонӣ шуд.
Маҳз бо ташаббуси ӯ лоиҳаи роҳи оҳани Боку-Тбилиси-Карс, ки дорои аҳамияти ҷаҳонӣ буд, амалӣ карда шуд. Бо шарофати ин хати роҳи оҳан роҳ аз Осиё ба Аврупо хеле кӯтоҳ хоҳад шуд ва на танҳо ба Озарбойҷон, балки ба тамоми минтақа рушд хоҳад овард. Ин хатсайри роҳи оҳан ба Тоҷикистон низ манфиат хоҳад овард, зеро боркашонӣ аз Тоҷикистон низ тариқи ин хати роҳи оҳан сурат хоҳад гирифт. Амалишавии дигар лоиҳаҳои муҳими минтақавие, ки барои амнияти энергетикии Аврупо муҳиманд, низ идома доранд.
Ҳайдар Алиев барои Озарбойҷон корҳои бисёреро ба сомон расонд, вале як орзуяш ҷомаи амал напӯшид — раҳо кардани сарзамини тасхиркардаи Озарбойҷон ва баргардонидани гурезаҳо ба хонадони онҳо. Халқи Озарбойҷон итминон дорад, ки қаламрави ишғолшудаи Озарбойҷон озод мешавад ва гурезаҳо ба ҷойгоҳи худ бармегарданд. Ин иқдом барои тамоми халқи Озарбойҷон ва руҳи Пешвои бузурги миллат, ки доимо дар болои Озарбойҷон парвоз карда, мардумашро дуои хайр медиҳад, шодиву фараҳ хоҳад овард.
Вақт бисёр чизҳоро тағйир медиҳад. Танҳо муҳаббат дигаргун намешавад. Сухан дар бораи муҳаббати беинтиҳо нисбати Ҳайдар Алиев меравад, эҳтироми бепоёни мардум ба хотири фарзанди фарзонаи миллат. Гарчанде Ҳайдар Алиев бо мо нестанд, вале ғояҳои зиндаи ӯ роҳи моро ба ояндаи дурахшон равшан месозанд. Муҳаббати беинтиҳои оммаи халқ бо пешвои бузургашон, махсусан дар рӯзҳои 12-уми декабр ва 10-уми май эҳсос мешавад. Яъне рӯзҳои аз қайди ҳаёт рафтан ва зодрӯзи Ҳайдар Алиев. Миқдори зиёди мардум дар ин рӯзҳо оромгоҳашро зиёрат ва бо гузашти солҳо тавоноияшро боз ҳам бисёртар дарк мекунанд. Даҳҳо ҳазор нафар хотираи Пешвои бузурги миллатро пос медоранд. Ба онҳо назар намуда, бори дигар муҳаббати беинтиҳои мардумро нисбати Ҳайдар Алиев эҳсос менамоӣ.