2020-03-21
Шоҳи дастурхони наврӯзии Озарбойҷон Палов аст

Дар Озарбойҷон омодагӣ ба ҷашни Наврӯз як моҳ пеш шурӯъ мешавад. Пеш аз Наврӯз чаҳор сешанбе («чоршанбе ахшами») аст, ки ҳар кадом ба як унсур вобаста мебошад. Сешанбеи якум ба Об («Су»), дуюм ба  Оташ («Од»), сеюм ба Бод («Йел») ва сешанбеи охир ба Замин («Торпаг») бахшида мешавад. Баъди чор унсури  зикршуда Наврӯз таҷлил мегардад.

Мардуми Озарбойҷон ҷашни Наврӯзро ба ҳамдигар бо гуфтани «Наврӯз байраминиз муборак олсун» (Иди Наврӯзатон муборак бошад!) табрик мекунанд. Шунаванда дар ҷавоб «Сизинле  ба ҳам! (Ба шумо ҳам муборак бошад!) мегӯяд.

Шоҳи дастурхони наврӯзӣ дар Озарбойҷон палов аст. Онро бо гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ ё моҳӣ мепазанд. Ба оши палов мавиз, ғӯлинг ё олучаи хушк ҳамроҳ мекунанд. Аз як қатор кабудиҳо хӯриш (салат) омода менамоянд. Яке аз ғизоҳои идонаи озариҳо «сабзипалав» аст, ки он аз кабудиҳои баҳорӣ тайёр шуда, зиндашавии табиатро ифода мекунад. Дар дастурхони наврӯзӣ будани моҳӣ низ ҳатмист.

Айёми Наврӯз мардум ба хонаи якдигар бо лаълӣ ҳадя  мефиристанд. Дар он шириниҳои гуногун, шамъ ва кулчақанд мегузоранд. Лаълиро холӣ  баргардонидан хуб нест. Кас аз файзу баракат маҳрум мешавад. Аз ин рӯ, ҷониби қабулкунанда низ ба лаълӣ шириниҳои идона мефиристад. Ин боиси зиёдшавии меҳру муҳаббат мегардад.

То фарорасии шоми чоршанбеи охири пеш аз Наврӯз писару духтарони озарӣ ба дари ҳамсояҳо рафта, суханони онҳоро «гӯш мекунанд», ки инро «гулаг фалы» («фоли гӯш кардан») меноманд. Албатта, гӯш кардани сухани дигарон кори хуб нест, вале фоли наврӯзӣ чизи дигар аст. Ҷавонон аз шунидани нахустин  калимаҳои ҳамсояҳо  фол мекушоянд. Агар сухани хуб шунаванд, хостаашон амалӣ мешавад. Бинобар ин  расм аст, ки дар чоршанбеи охири пешазнаврӯзӣ фақат суханони нек гуфта шавад.

Солҳои пеш дар деҳоти Озарбойҷон ҳар оила вобаста ба шумораи узви он дар болои боми хона машъал меафрӯхт. Ҳоло ба ҷои машъал дар хонаҳо шамъ фурӯзон мекунанд. Хурду калон аз болои оташ ҷаҳида «Сарылигым сене, гырмызылыгын мене» (Зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман) мегӯянд. Мақсад аз ин амал он аст, ки  инсон ғаму ғуссаю андӯҳро ба оташ партофта, «пок» мешавад. Ба оташи наврӯзӣ об пошидан ҷоиз нест. Баъди пурра хомӯш шудани гулхан ҷавонписарону духтарон хокистарро рӯфта, ба канори деҳа  бурда мерезанд, то он таъсири манфие, ки аз инсон ба оташ гузаштааст, аз манзил дур шавад.

Озарбойҷониҳо аз қадимулайём Наврӯзро ҷашн  мегиранд. Барои ҳар як сокини мамлакат ин  маҳбубтарин ид ба шумор рафта, рамзи бедоршавии табиат ва покизагӣ ба ҳисоб меравад.

Novruz_200309