2020-02-24
Фоҷиаи Хоҷалӣ…

Ҳодисаи Хоҷалиро дар таърихи навини мардуми Озарбойҷон амали наслкуши (генотсид) меноманд ва ин тасодуфӣ нест. 28 сол қабл дар ин рӯзҳои мудҳиш озарбойҷониҳо лаҳзаҳои вазнинеро паси сар кардаанд, ки дар дили онҳо нишонаи манфии худро то абад гузошт.

Аз он рӯзи хунине, ки таҷовузгарони арманӣ ба сари мардуми Хоҷалӣ оварданд, 28 сол сипарӣ гашт, аммо дарди он фоҷеа ҳамчунон дармон намеёбад. Яъне, ин ҳодисаест, ки гузашти вақт дар ин ҷо нақш бозида наметавонад. Шояд сабабаш он бошад, ки сарнагунсозии Хоҷалӣ муддати тӯлонӣ танҳо “фоҷиаи Озарбойҷон” буду, берун аз он маълум набуд. Шояд аз ин рӯ, озарбойҷониҳо, дар куҷое ки набошанд, мекӯшанд, то ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумоти воқеиро дар бораи ҳодисае, ки дар он шаби тор дар  Хоҷалӣ рух додааст, расонанд. Онҳоро на сиёсат ва на ҳисси интиқом, балки хоҳиши барқарор кардани адолат ва дар ниҳояти кор, оқибатҳои муҳосираи иттилоотиро, ки Озарбойҷон дар аввали солҳои 1990-ум қарор дошт, ба ин водор сохтааст. Яъне дар бораи фоҷиаи шаҳре, ки асрҳо побарҷо истода буд ва дар як шаб несту нобуд карда шуд, нақл кунанд. Асли таърих чунин буд!

Муноқишаи Арманистон ва Озарбойҷон яке аз қадимтарин муноқишаҳои мавҷуда дар фазои пасошӯравӣ аст. Решаҳои таърихияш ба даъвои чандинасраи Арманистон ба қаламрави Озарбойҷон рост меоянд. Аввалҳои соли 1988, таҷовуз ба Озарбойҷон бо ҳадафи якҷониба забт кардани Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳамроҳ намудан ба Арманистон оғоз ёфт. Охирҳои соли 1991 ва оғози соли 1992 бошад, амалиёти низомӣ алайҳи Озарбойҷон шиддат гирифт. Хоҷалӣ, шаҳре, ки дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ ҷойгир шуда буд, ва шумораи аҳолии он ба 7 ҳазор нафар қабл аз муноқиша мерасид, ҳадафи яке аз ин амалиётҳо шуд.

Бояд гуфт, фоҷиае, ки дар Хоҷалӣ рух дод, ба бузургтарин ва хунинтарин ҳодисаи ин муноқиша табдил ёфт. Дар натиҷаи ин наслкушӣ, тибқи маълумоти расмӣ, 613 нафар, аз ҷумла 63 нафар кӯдак, 106 зан, 70 куҳансол кушта шуданд. 8 оила пурра маҳв шуданд. 487 нафар, аз ҷумла 76 кӯдак, маъюб шуданд. Илова бар ин, 1275 нафар асир ва 150 нафар бе ному нишон гардиданд…

Ногуфта номонад, ки фоҷиаи Хоҷалӣ яке аз ҳодисаҳои гӯшношунид ба шумор меравад, ва он низ чанд сабаб дорад. Дар мадди аввал, чи тавре, ки ба ҳамагон маълум буд Хоҷалӣ пурра деҳаи ғайринизомӣ буд, бидуни ягон истеҳкоми мудофиавӣ. Аз ин рӯ ҳамла бо истифодаи силоҳи вазнин ба муқобили шаҳрвандони оддӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ аз нуқтаи назари стратегӣ қабул карда намешавад, зеро ин амалиёт ягон бартарияти ҳарбӣ намедод. Яъне, истифодаи қувваи ҳарбӣ нодаркор ва аз ҳад зиёд буд. Дуюм он, ки  ҳамла дар оғози муноқишаи байнидавлатӣ ба вуқӯъ омад. Бидуни шубҳа, Арманистон ният дошт, ки озарбойҷониҳоро тарсонад, ва сӯистифода аз ҳолати равонӣ ва фишори омма намуда, амалҳои минбаъдаи таҷовузкоронаи худро давом диҳад. Чунин хулосаро метавон аз бераҳмии қотилон баровард. Зеро паррондани афроди бегуноҳ ва ба таври ваҳшиёна мавриди таҳқир ва бадрафторӣ қарор гирифтани ҷасади онҳо далели ҳаммаи ин гуфтаҳо буд.

Бояд гуфт, ки дар ин робита, эътирофи Серж Саргсян (собиқ «вазири мудофиа» -и Қарабоғи Кӯҳӣ ва баъдан президенти Арманистон) ба рӯзноманигори бритониёӣ, муаллифи китоби “Боғи Сиёҳ”- и Томас де Ваал, ки алахусус гуфтааст: — “Пеш  аз Хоҷалӣ, озарбойҷониҳо фикр мекарданд, ки бо мо шӯхӣ кардан мумкин, онҳо гумон доштанд ки мо даст ба шаҳрвандони оддӣ намезанем. Аммо мо тавонистем ин ақидаро тағйир диҳем”. Шарҳи зиёдати дар ин ҷо даркор нест, зеро чуноне, ки мегӯянд – он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Феълан, бисёриҳо ҳақиқати ин ҳодисаи фоҷиаборро аллакай медонанд. Соли 2008 таҳти роҳбарии Ноиби президенти “Бунёди Ҳайдар Алиев”, Лейла Алиева маъракаи байналмилалии «Адолат барои Хоҷалӣ» оғоз гардид, ки мақсади он расондани иттилоот ба ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи ин фоҷеа буд. Иқдоми «Адолат барои Хоҷалӣ» аллакай аз ҷониби даҳҳо кишварщои ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Парлумонҳои Канада, Мексика, Перу, Покистон, Сербия, Босния ва Ҳерсеговина, Руминия, Ҷумҳурии Чехия, Иордания, Судон, Панама, Гондурас, қонунгузорони зиёда аз 20 давлати ИМА, инчунин Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ наслкуширо дар Хоҷалӣ аллакай эътироф кардаанд. Шояд, чун дар тамоми ҷаҳон дар Тоҷикистон низ бисёриҳо дар бораи ин фоҷиаи марговар медонанд ва шунидаанд. Халқи Тоҷикистон, ки дар ин давра озмоишҳои вазнинро аз сар гузаронида буд, бешубҳа ба хунрезиҳое, ки ба дигар кишварҳои дӯст талафоти ҷонӣ овардааст, бепарво нахоҳанд монд. Ин дастгирӣ, бешубҳа, водор месозад, ки мубориза алайҳи барқарор намудани адолат давом дода шавад ва умед аст, ки шахсони масъули ин ҷинояти мудҳиш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар тӯли ин солҳо Озарбойҷон дар ҳама самтҳо ба муваффақиятҳои бузург ноил гашт. Муносибатҳои байналмилалӣ ривоҷ ёфтанд. Озарбойҷон акнун кишварест, ки дар миқёси ҷаҳонӣ нуфузи баланд дорад. Муносибатҳои бисёрҷониба рушд ефта истодаанд. Аммо мавқеи Озарбойҷон дар ҳалли низои Қарабоғи Кӯҳӣ бетағйир боқӣ мондааст. Ин мавқеъ сол аз сол ҳарчи бештар дастгирии байналмилалӣ пайдо мекунад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай асли воқеиятро медонад. Яъне заминҳои Озарбойҷон ғасб карда шудаанд. Қарорҳои Шӯрои Амниятии Созмони  Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳо иҷро карда намешаванд. Аз ин рӯ ҳукми боадолатонаи муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ дар заминаи ҳуқуқи байналмилалӣ — мавқеи устувори Озарбойҷон аст, ва низ, чунин боқӣ мемонад Имрӯз кулли ҷаҳон тамомияти марзии Озарбойҷонро эътироф ва ҷонибдорӣ мекунад ва ба умед ба он мебандем, ки ин воқеа ба хулосаи мантиқияш тариқи барқарор намудани адолат мерасад.

Бояд тазаккур дод, ки дар баробари мардуми Озарбойҷон, ин рӯзҳо, миллатҳои гуногуни бисёр кишварҳои ҷаҳон, фоҷиаи Хоҷалиро ба ёд меоранд. Ба ин муносибат чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд, аз ҷумла боздид аз муҷассамаҳои қурбониёни ин ҳодиса. Дарди Хоҷалӣ дар дили миллионҳо мардуми Озарбойҷон то абад боқӣ монд. Ин ҳодиса ҳамчун як саҳифаи хунини муноқишаҳое, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ байни халқҳои як вақт дӯст шиддат гирифта буд, дарҷ ефт.

Озарбойҷониҳо дар саросари ҷаҳон барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани ҳақиқат алайҳи ин ҳодиса, чораҳо меандешанд. Зеро фоҷиаи Хоҷалиро набояд фаромӯш кард ва гунаҳкорон бояд ҷазои сазовор гиранд – муҳим он, ки чунин амали мудҳиш на танҳо дар Озарбойҷон, балки дар ягон гӯшаи дигари ҷаҳон ба сари ягон фарзанди одам дигарбора наояд!

https://faraj.tj/habari-ruz/fojiai-hojaly/