2020-01-17
Истиқлол, озодӣ ва тақсимнопазирии Озарбойҷон

Таърих ҳодисаҳои зиёдеро дар ёд дорад, ки дар саҳфааш бо хати гулгун дарҷ ёфтаанд. Ин саҳифаҳо саршор аз лаҳзаҳои пирӯзӣ, часпу талош барои ташаккули тафаккури милливу ривоҷу равнақи давлатдорӣ, илму фарҳанг ва … гулгун аз хуни мардони муборизу фидокор. Гоҳе таърих аз сар чунин таҳаввулоти ҷиддие гузарондааст, ки дар афкори чандин наслҳо асари манфии худро гузоштааст. Яке аз чунин рӯзҳои нобарори таърихӣ, даҳаи дуюми моҳи январи соли 1990 буд, ва он рӯзи сангине буд барои мардуми Озарбойҷон ва уммуан кулли башарият.

Фоҷиаи моҳи январ дар хотираи мардум ҳамчун як ҳодисаи хунин, як рӯзи мотам, ва ҳамзамон қуллаи фидокорӣ ва қаҳрамонии таърихи халқи Озарбойҷон нақш ёфт. Бо вуҷуди қурбониҳои зиёди он рӯзи даҳшатангез, халқи Озарбойҷон ифтихор дорад, ки дар ин озмоиш,  мардонагию ҷасорат иродаи қавӣ ва рӯҳияи баланди миллиро нишон дод.

Инак аз руйдодҳои 20 январи соли 1990, ки рамзи истиқлолият, озодӣ ва тақсимнопазирии Озарбойҷон гардид, 30 соли пурра сипарӣ гашт, ва соли 1990 ба сафҳаи таърих чун мубориза барои истиқлолият ва тамомияти марзии Озарбойҷон шомил шуд. Хотиррасон бояд кард, ки ворид кардани қисмҳои низомии артиши Шӯравӣ ба Боку санаи 20 январи соли 1990 ба хотири пешгирӣ кардани тазоҳуроти густурдаи омма, ки ба амалҳои таҷовузкоронаи Арманистон ва даъвоҳои ҳудудии он алайҳи Озарбойҷон ва бар зидди ҳимояти он аз ҷониби роҳбарияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ эътироз карданд, ба фоҷиаи бесобиқа оварда расонид.

Дар он рӯзҳои фоҷиабор писарону духтарони шуҷои Ватан, ки барояшон озодӣ ва шаъну шарафи кишвар ва мардум аз ҳама муҳимтар буд, ҷони худро фидо карданд ва шаҳид шуданд.

Фоҷиаи 20 январ, ки ба талафоти вазнин ва аз байн рафтани одамони бегуноҳ оварда расонд, зиндадилӣ, иродаи устувор ва шарафи мардуми Озарбойҷонро нишон дод, ки ба сиёсати хиёнаткоронаи ҳукумати онвақта таҳти роҳбарии Горбачёв тоб наоварда, рӯ ба озодӣ ва истиқлол намуданд.

Шаби 19 ва 20-уми октябри соли 1990-ум 40 ҳазор пайравони сарбозони советӣ ба Боку ҳамла карда, кӯчаҳои Бокуро хароб ва садҳо нафар мардуми оддиро қатл карданд. Дар натиҷа, дар ин фоҷиа 147 нафар ҷон дода, зиёда аз 800 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 841 нафари дигар ғайриқонунӣ боздошт ва садҳо нафари дигар нопадид шуданд. Ҷамъул-ҷамъ, Озарбойҷон истиқлолият ва соҳибихтиёриеро ба даст овард, ки солҳои дароз дар орзуяш буд. Бо вуҷуди он, ки аз гузашти ин рӯйдодҳои хунин си сол сипарӣ шуд, мардуми Озарбойҷон он шаби даҳшатнокро то абад дар ёд доранд ва ба касоне, ки дар ин фоҷиа гунаҳкоранд, умрбод нафрин доранд. Ҳамасола 20-уми январ дар Озорбойҷон хотираи шахсони фоҷеаи хунин пос дошта мешавад.

Бояд қайд кард, аввалин нафаре, ки ба ҳодисаҳои моҳи январ дар Боку баҳогузорӣ намуд, Ҳайдар Алиев буд, ки он замон дар Москва қарор дошт. Суханронии ӯро ҳукумати он замон нодида мегирифтанд, чун он солҳо Алиевро ҳамчун сиёсатмадор мешинохтанд. Он вақт ӯ ва оилааш метавонистанд ба мушкилии ҷиддӣ дучор шаванд, аммо ӯ натавонист дар фоҷиаи кишвараш бетараф бошад. Зеро ин рӯйдод, ки дар таърих ҳамчун ҷиноят алайҳи башарият ба қайд гирифта шудааст, хилофи тамоми меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ буд.

Солҳои охири ҳукмронии давлати шӯравӣ барои сокинони ҷумҳуриҳои миллӣ хунрезтарин буд. Аз моҳи апрели соли 1989 то январи соли 1991, нерӯҳои Артиши Шӯравӣ ба якчанд пойтахти ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ворид шуданд. Дар натиҷаи чунин амалиёти ҷазодиҳанда Тифлис, Боку ва Вилнюс оғуштаи хун гардида буданд. Монанди пойтахти Озарбойҷон қурбониёни ин шаҳрҳо низ ба даҳҳо ва ҷое ба садҳо мерасид…

Тоҷикистон низ аз вартаи ин рузҳои маргбори дахаи охири асри XX халоси наёфт, нишони хунин дар таърихи ин миллат низ гузошта шуд. Ин рӯйдодҳои нобаҳангом мувофиқи сенарияи якхела, дар ҳамаи ҷумҳуриҳои нобаршуда ба амал омада буд. Дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Озарбойҷон, орзуи мардум дар бораи ҷудо шудан аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият, бо фоҷиаи бузург анҷом ёфт. Шабеҳи дигар ҳолатҳо, бесарусомониҳо дар Боку низ бо муҳосираи иттилоотӣ, паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи таъқибҳои эҳтимолии миллатгароӣ ва айбдоркуниҳои беасос оғоз ёфтанд. Ин фитнаангезиву бетартибӣ танҳо як мақсад дошт, ва он ҳам паҳн намудани норозигӣ миёни мардуми кишвари бисёрмиллӣ ва дар натиҷа онро харобу валангор сохта, тақсим кардан буд. Бо баҳонаи наҷот додани ҳаёти як миллат, ҳукумати коммунистӣ ба Озарбойҷон ҳуҷум карда, миллати дигарро бераҳмона сарнагун кард.

Чунин амалҳои ваҳшиёнае, ки режими тоталитарии коммунистӣ дар давраи тағйирёбии сохтор анҷом дод, дар таърихи Озарбойҷон ва бисёре аз ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ таъсири манфии худро гузошт, зеро маҳруми он буданд, ки воқеияти ҳақиқиро ба  ҷомеаи ҷаҳонӣ расонанд ё ин ки посухи арзанда диҳанд. Ин ҳам бо сабаби дар  бунбасти байналмилалӣ ва муҳосираи иттилооти қарор доштани онҳо.

22 январи соли 1990, Боку бо писарон ва духтарони фавтидаи Озарбойҷон падруд гуфт. Онҳо ҷони худро дар роҳи бунёди сохти давлатдорӣ ва истиқлолияти Озарбойҷон нисор карданд ва барои насли оянда ба қаҳрамонони миллат табдил ёфтанд. Бо гузашти замон бузургию қаҳрамониеро, ки ҳамватанони мо ҳангоми лаҳзаҳои душвортарини умрашон иҷро карданд, баръало эҳсос мекунем.

Феълан, барои ҳар як шаҳрванди Озарбойҷони озод, ин рӯз ҳамчун ҷашни қаҳрамонӣ ва ҳамчун рамзи истиқлолият ва роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон боқӣ мемонад.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз Озарбойҷон яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо иқтисодиёту инфрасохтори мутаррақи ва фарҳанги бои қадима буда, ҳамзамон намояндаи фарҳанги исломӣ мебошад. Халқи Озарбойҷон бо иқтидори бузурги фарҳангӣ, илмию иқтисодии худ ва бо пешвоёни хирадмандеаш машҳур аст, ки дар мубориза алайҳи озодӣ фидокории бузург нишон додаанд.

Бояд гуфт, ки фоҷиаи 20 январ иродаи халқи Озарбойҷонро шикаста натвонист, аммо Озарбойҷоне, ки истиқлолияти худро ба даст овард, бо ғасби Арманистон рӯбарӯ шуд.

http://faraj.tj/habari-ruz/istiqlol-ozody-va-taqsimnopazirii-ozarbojjon/