2019-10-18
18-уми октябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Озарбойҷон

18-уми октябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Озарбойҷон ҷашн гирифта мешавад. 28 сол қабл, Шурои Олии Ҷумҳурии Озарбойҷон Санади муҳими конститутсионӣ оиди Истиқлолияти давлатӣ қабул намуд. Иҷлосияи ғайринавбатие, ки рӯзи 8 октябр ба кор шурӯъ кард, ин масъаларо муддати 4 рӯз баррасӣ намуд, аммо қабули ин қарор ба як ҳафта мавқуф гузошта шуд. Дар ниҳоят, 18 октябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ ин санади таърихӣ пазируфта ва қабул карда шуд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо мушкилоти зиёде дучор шуд. Пешвои бузурги миллат Ҳайдар Алиев, ки соли 1993 бо дархости зиёди мардум дубора роҳбарии давлати Озарбойҷонро ба уҳда гирифт, истиқлолияти мамлакати моро абадӣ ва бебозгашт сохт. Гарчанде Санади конститутсионӣ дар бораи Истиқлолияти давлатӣ 18 октябри соли 1991 қабул шуда буд, дар асл, Озарбойҷон истиқлолияти ҳақиқии худро пас аз ба сари ҳокимият боз гаштани пешвои умумимиллӣ Ҳайдар Алиев ба даст овард. Маҳз таҷрибаи ғании сиёсии ин марди хирад, малакаи баланди идоракунӣ ва муҳаббати бепоён ба Ватан буд, ки истиқлолияти давлатии Озарбойҷонро аз хатар эмин дошт. Пешвои бузурги миллат бесарусомонию беҳокимиятӣ, ташаннуҷи иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавиро дар кишвар барҳам дод. Ҷумҳурии Озарбойҷон заминаи мустаҳкамро барои рушди босубот гузошт.

Пешвои умумимиллӣ Ҳайдар Алиев, ки Озарбойҷонро вориси аввалин ҷумҳурии демократӣ дар Шарқи Мусулмон эълон карда буд, ба корҳои азим дар бунёдгузории давлат оғоз кард. Дар натиҷаи саъйю талошҳои пешвои бузург дар як муддати кӯтоҳ, овози Озарбойҷон аз минбари ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ шунида шуд. Бо ифтихор аз он, ки истиқлолият сарвати бебаҳост ва дар сарнавишти таърихии халқ нақши бебаҳо дорад, Ҳайдар Алиев истиқлолияти Озарбойҷонро абадӣ ва бебозгашт сохт. Бояд гуфт, ки истиқлолияти ҳақиқӣ ин соҳиби кулл будани сарватҳои бойи худӣ аст. Аз ин лиҳоз 20 сентябри соли 1994, созишномаи азиме оиди коркарди нафт имзо шуд – ва онро ҳамагон «Шартномаи аср» номгузорӣ карданд. Муаллифи ин иқдоми бузург низ Ҳайдар Алиев буд. Ҳамин тариқ, Озарбойҷон бори аввал ҳамчун соҳибмулк ва дорандаи сарватҳои бойи табии миёни дигар минтақаҳои ҷаҳон муаррифӣ гардид. Иштироки бевоситаи ширкатҳои пешбарандаи бонуфузтарин кишварҳои ҷаҳон дар ин шартнома, аҳамият ва нуфузи кишвари моро дар минтақа боло бурд. Озарбойҷон ба лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, ҷараёни амнияти энергетикии Аврупо ва умуман ҷаҳон пайваст шуд. Коре, ки аз соли 1993 инҷониб амалӣ карда мешавад ва иқдоме, ки дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ пеш рафта истодааст, асоси муваффақиятҳои кунунии Озарбойҷонро ташкил медиҳанд. Хулоса, агар истиқлолияти Озарбойҷон ҳодисае бошад, ки дар натиҷаи зарурати таърихӣ иттифоқ афтода бошад, абадият ва бебозгашт будани ин истиқлол бо номи пешвои умумимиллӣ Ҳайдар Алиев рабти ногусастанӣ дорад.

Имрӯз саъю талошҳои пешвои бузургро дар роҳи ҳифз ва таҳкими истиқлолият вориси арзандаи ӯ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев идома доранд. Дар асоси натиҷаҳои фаъолияти бисёрҷонибаи пешвои умумимиллӣ, Озарбойҷон таҳти роҳбарии Президент Илҳом Алиев пешрафти назаррасро дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ ба даст овардааст. Озарбойҷон ба як кишваре табдил ёфтааст, ки метавонад ба ҷараёни равандҳои стратегӣ, сиёсӣ ва иқтисодии минтақае, ки дар он ҷойгир аст, таъсир расонад. Озарбойҷон қудрати сиёсиву иқтисодии худ, мавқеи стратегӣ ва захираҳои бойи табииро дар таъмини афзалиятҳои сиёсии беруна моҳирона истифода мебарад. Мувофиқи манфиатҳои миллӣ, кишвари мо бо аксари аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории босамар дорад. Ба туфайли стратегияи бомуваффақият, ки аз ҷониби роҳбари давлат татбиқ карда мешавад, иқтисодиёти кишвар аз ҷиҳати суръати рушд яке аз баландтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, истиқлолияти мо, ки замоне аз тарафи пешвои бузурги миллат Ҳайдар Алиев ҳифз карда шуд, имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президент Илҳом Алиев боз ҳам устувортар шуда, абадият касб мекунад. Ҳамаи ин боз як бори дигар далел медиҳад, ки истиқлолияти Озарбойҷон бебозгашт ва абадист.

https://faraj.tj/habari-ruz/18-umi-oktjabr-ruzi-istiqlolijati-davlatii-ozarbojjon/